Баррасии нақши Русия дар дарёфти сулҳи тоҷикон

Зимни вохӯрии навбатӣ дар Фонди ҷамъиятии «Муколамаи тамаддунҳо» дар Душанбе масъалаи нақши Русия дар ноил гардидан ба сулҳу созиш миёни тоҷикон баррасӣ шуд. Дар кори чорабинии мазкур олимони шинохта, арбобони ҷамъиятӣ, раисони аҳзоби сиёсӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ профессор Абдунабӣ Сатторзода изҳор намуд, ки ҳарчанд тайи ду […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни вохӯрии навбатӣ дар Фонди ҷамъиятии «Муколамаи тамаддунҳо» дар Душанбе масъалаи нақши Русия дар ноил гардидан ба сулҳу созиш миёни тоҷикон баррасӣ шуд.

Дар кори чорабинии мазкур олимони шинохта, арбобони ҷамъиятӣ, раисони аҳзоби сиёсӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ профессор Абдунабӣ Сатторзода изҳор намуд, ки ҳарчанд тайи ду даҳсола ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар Русия дар бораи он воқеаҳои фоҷеабор зиёд гуфтаву навишта шуда бошад ҳам, вале то ҳанӯз баҳои воқеӣ ба нақши Русия дар онҳо ошкор нашудааст.

«Аксарият бар ин назаранд, ки Русия ба ҳеҷ гунае дар рӯйи кор омадани мухолифати тоҷикон дар аввали солҳои 90-ум даст надошта, пойгоҳи низомии 201-ум ба нигоҳдории амнияту субот дар кишвар мусоидат ва минбаъд дар дарёфти сулҳу созиш миёни ҷонибҳои даргир саҳм гузоштааст, – мегӯяд вай. – Дигарон бошанд, муътақиданд, ки маҳз Русия сармеъмори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буда, низомиёни Русия бевосита дар амалҳои низомӣ иштирок ва ба Фронти халқӣ ҷиҳати истодагарӣ ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик кӯмак мерасониданд. Ба андешаи ин гурӯҳ, иштироки Русия дар дарёфти сулҳу созиш миёни тоҷикон ба ноилоҷӣ ва ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ дар минтақа марбут аст».

Ба эътиқоди профессор, «имрӯзу фардо ё баъдтар моро мебояд, ки ҳақиқати таърихии ин ҷангро муайян созем, вале онро имрӯз дарёфтан осонтар аст, зеро то ҳол шоҳидони зиндаи он даргириҳо дар ҳаёт буда, тамоми ҳуҷҷатҳову маводи марбут ба он ҷанг дастрасанд».

«Аксаран чунин мешуморанд, ки дарёфти ҳақиқати он рӯзҳо ғайриимкон аст, зеро ҳар кадоме аз тарафҳо ҳақиқати худро доранд, дар навбати худ, ман мутмаинам, ки ҳақиқати он ҷанг якто аст ва муайян кардани он барои тоҷикон хеле муҳим мебошад», – иброз дошт А. Сатторзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.