Машваратҳои ВКХ-и Тоҷикистону Исроил

Дар шаҳри Душанбе машваратҳои дуҷониба миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил баргузор гардиданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳайати ҷониби тоҷикистониро муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷ-би Низомиддин Зоҳидов ва ҳайати ҷониби исроилиро муовини Директори генералии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил х-м Анна Азарӣ роҳбарӣ намуданд. Ба […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Душанбе машваратҳои дуҷониба миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил баргузор гардиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳайати ҷониби тоҷикистониро муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷ-би Низомиддин Зоҳидов ва ҳайати ҷониби исроилиро муовини Директори генералии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил х-м Анна Азарӣ роҳбарӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни машваратҳои дуҷониба мавзӯъҳои муҳими дорои эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла, рушди муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи мушкилиҳои глобалии ҷаҳон ва минтақаи ИДМ, вазъият дар Шарқи Наздик ва Афғонистон табодули назар намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки машваратҳои дуҷониба бо имзо намудани Ёддошти тафоҳум оид ба баргузор намудани машваратҳои дуҷониба миёни Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.