Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тасдиқи Протоколи Киото худдорӣ кард

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси рӯзи чаҳоршанбе, 15 октябр, пас аз баррасии тӯлонӣ аз тасдиқи Протоколи Киото худдорӣ кард. Намояндагони парлумон таъкид карданд, ки таъйиди ин санади байналмилалӣ метавонад дар роҳи тавсеъаи саноеъ ва бахши кишоварзии Тоҷикистон монеъ эҷод кунад. Маҳбуба Нуриддинова, раиси кумитаи парлумон дар умури иҷтимоӣ, хонавода, беҳдошт ва муҳити […]

ВВС


Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси рӯзи чаҳоршанбе, 15 октябр, пас аз баррасии тӯлонӣ аз тасдиқи Протоколи Киото худдорӣ кард.




Намояндагони парлумон таъкид карданд, ки таъйиди ин санади байналмилалӣ метавонад дар роҳи тавсеъаи саноеъ ва бахши кишоварзии Тоҷикистон монеъ эҷод кунад.



Маҳбуба Нуриддинова, раиси кумитаи парлумон дар умури иҷтимоӣ, хонавода, беҳдошт ва муҳити зист, ки Протоколро муъаррифӣ мекард, пайвастани Тоҷикистон ба ин санади байналмилалиро дар роҳи ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар муҳим арзёбӣ кард.



Ба гуфтаи хонум Нуриддинова, ҳоло панҷ тарҳи сармоягузории хориҷӣ бо хазинаи 143 милллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки дар сурати пайвастани ин кишвар ба Протоколи Киото ин тарҳҳо ба мавриди иҷро гузошта хоҳанд шуд.



Дар назар аст ин маболиғ барои таҷдиди таҷҳизоти поксозии партовҳои корхонаи алюминии Тоҷикистон ва эҳдоси нерӯгоҳҳои кӯчаки обӣ масраф гардад.



Ҳамчунин, Маҳбуба Нуриддинова таъкид кард, ки аз соли 1990 то ба имрӯз мизони партови газҳои зараровар ба фазо ҳафт баробар коҳиш ёфта ва аз ин лиҳоз, пайвастани Тоҷикистон ба Протоколи Киото дар вазъи саноеъ ва тавсеъаи иқтисоди ин кишвар асари чандоне нахоҳад гузошт.



Вале раиси кумитаи парлумон дар умури иҷтимоъӣ, хонавода, беҳдошт ва муҳити зист натавонист намояндагони парлумонро нисбат ба аҳамияти ин санад мутақоъид созад.



Аз ҷумла, Шодӣ Шабдолов, намояндаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар парлумон, ин суолро матраҳ кард, ки то чӣ андоза давлат махориҷи ношӣ аз пайвастан ба Протоколи Киоторо дар назар гирифтааст.



Ба эътиқоди оқои Шабдолов бахши аслии таҷҳизоти корхонаҳои санъатии Тоҷикистон кӯҳнаву фарсуда буда ва мизони қобили таваҷҷӯҳе аз газҳои зараровар аз ин таъсисот ба фазо ҷорӣ мешавад. Ва дар сурати тасвиби ин санад, давлати Тоҷикистон имкон нахоҳад дошт, дар кӯтоҳмуддат муқаррароти ин протоколро иҷро кунад.



Афзун бар ин, ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, ҷониби Ӯзбекистон муддаъист, ки газҳои ношӣ аз корхонаи алюминӣ манотиқи марзии ин кишвар бо Тоҷикистонро олуда сохта ва ба муҳити зисти маҳаллоте дар ҷануби Ӯзбекистон осеб задааст.



Намояндагони парлумон гуфтанд, ки дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Протоколи Киото нахуст Ӯзбекистон аз ин кишвар тақозо хоҳад кард, ки бар асоси бандҳои ин санад системи поксозии партовҳои корхонаи алюминиро таҷдид кунад.



Гуфта мешавад, барои ин кор хазинаи ҳангуфте лозим аст ва дар шароити феълӣ буҷаи Тоҷикистон имкони тахсиси ин маболиғро надорад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон