Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар иҷлосияи «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё» ба Остона рафт

Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари кории серӯза ва барои иштирок дар иҷлосияи «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё» ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона рафт. Тавре аз департаменти иттилооти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, фардо дар кори иҷлосияи 7-уми вазирони умури хориҷии «Муколамаи ҳамкорӣ оид […]


Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари кории серӯза ва барои иштирок дар иҷлосияи «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё» ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона рафт.




Тавре аз департаменти иттилооти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, фардо дар кори иҷлосияи 7-уми вазирони умури хориҷии «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё» Ҳамрохон Зарифӣ маърӯза хоҳад кард.

 




Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари корӣ вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ бо ҳамтоҳои худ аз давлатҳои Корея, Қатар, Қувайт ва Баҳрайн мулоқот хоҳад орост.



Зикр гардид, ки Ҳ.Зарифӣ инчунин дар дар Ҳамоиши вазирони умури хориҷии кишварҳои мусалмонӣ ва давлатҳои ғарб таҳти унвони «Ҷаҳони умумӣ: рушду тавсеъа тавассути тарзу шаклҳои гуногун» низ ширкат хоҳад варзид. Ин ҳамоиш 17-уми октябр дар шаҳри Остона ба кор шурӯъ мекунад.



Қобили зикр аст, ки дар кори иҷлосия ширнкати вазирони умури хориҷии 30 кишвари дунё дар назар аст. «Муколамаи ҳамкорӣ оид ба Осиё»

 

соли 2002 таъсис ёфта, Тоҷикистон 4 сол пеш ба узвияти он пайвастааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.