Дар моҳи сентябр содироти мол аз Тоҷикистон нисбат ба моҳи гузашта 11,9 ва воридот 20,9 дарсад коҳиш ёфт

  Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нӯҳ моҳи соли равон муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ 3 млрд. 544 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз зиёдтар аст. Ба иттилои сарчашма, тавозуни […]



 

Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нӯҳ моҳи соли равон муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ 3 млрд. 544 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз зиёдтар аст.




Ба иттилои сарчашма, тавозуни савдо манфӣ буда, 1 млрд. 250 млн. доллари амрикоиро ташкил дод ё ба таври дигар воридот нисбат ба содирот 2,2 баробар зиёдтар аст.



Содироти мол дар ин давра ба $1 млрд 1456 млн. баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта $52,3 млн.

 

ё худ 4,8 дарсад зиёд мебошад.



Воридоти мол $2 млрд. 397 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-сетябри соли 2007 $633 млн. ё худ 35 дарсад бештар аст.





Дар моҳи сентябр содироти мол аз Тоҷикистон нисбат ба моҳи гузашта 11,9 ва воридот 20,9 дарсад коҳиш ёфт. Ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳи сетябри соли ҷорӣ 351 млн. доллари амрикоиро ташкил дод (содирот $99 млн. ва воридот $252 млн.).



Дар моҳи сентябр Тоҷикистон бо давлати Перу ҳамкориро ба роҳ монда, бадин тариқ шумори шарикони ҳамкори хориҷии худро ба як адад афзуд. Дар нӯҳ моҳи соли равон Тоҷикистон бо 92 кишварҳои дунё муносибати савдои хориҷӣ дошт.




Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.