Соли гузашта дар Тоҷикистон тамоили поинравии ҷалби занони кӯдакон ба ҷиноёти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба мушоҳида расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ хабар доданд, соли равон дар кишвар барои содир намуани ҷиноятҳои вобаста ба мухаддирот 946 нафар шаҳрвандон боздошт шудаанд, ки 33 нафарашонро занон ташкил медиҳанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2011 дар қаламравиҶТ 60 нафар занон барои чунин ҷиноятҳо дастгир шуда буданд.
Ба иттилои манбаъ, аз шумори умуми ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки аз ҷониби занон содир шудаанд, 39% ба сокинони шаҳри Душанбе, 21 – ба вилояти Суғд, 18% – ба вилояти Хатлон, 9% – ба ноҳияҳои тобеи марказ ва 3% – ба ВМКБ рост меоянд.
«Соли гузашта дар ҷумҳурӣ барои содир намудани ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ҳамагӣ 1 нафар шаҳрванди ноболиғ дастгир шуд, ки ин нишониҳанда дар соли 2011 ба 8 нафар ноболиғон баробар буд», – гуфтанд дар АНМН.