Сафири Швейтсария дар ҳузури Ҳамрохон Зарифӣ

Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ нусхаи Эътимодномаи сафири навтаъйиншудаи Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон бо иқоматгоҳаш дар шаҳри Остона ҷаноби Мауро Рейнаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз маросими расмии супоридани эътимодномаҳо вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Швейтсария барпо гардид. Дар оғози мулоқот вазири […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ нусхаи Эътимодномаи сафири навтаъйиншудаи Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон бо иқоматгоҳаш дар шаҳри Остона ҷаноби Мауро Рейнаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз маросими расмии супоридани эътимодномаҳо вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Швейтсария барпо гардид.

Дар оғози мулоқот вазири корҳои хориҷӣ роҷеъ ба сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария изҳори қаноатмандӣ намуда, сипоси хешро оид ба дастгирии раванди шомилшавии Тоҷикистон ба СУС баён кард.

Вазири корҳои хориҷӣ нақши фаъоли Швейтсарияро дар амалисозии барномаҳои кӯмак ва рушд дар Тоҷикистон зикр намуда, иқтидори бузурги рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногунро қайд намуд. Яке аз самти ҳамкориҳо Вазир тадқиқоти пиряхҳоро, ки дар Помир ҷойгиранд, номид. Ҳамкорӣ дар ин соҳа барои манфиати на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа хоҳад буд.

Дар навбати худ сафир Мауро Рейна Вазири корҳои хориҷиро доир ба сафари ҷории ҳайати иқтисодии Швейтсария ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи нахустини Комиссияи муштарак оид ба савдо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки 5-6 марти соли ҷорӣ барпо мегардад, маълумот дод.

Дар анҷоми сӯҳбат ҷонибҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ мисли СММ ва САҲА, ва инчунин имкониятҳои минбаъдаи тавсеаи онҳоро муҳокима намудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.