Ҳазорон нафар мухлисони «Равшан» озими Хуҷанд шуданд

Беш аз 100 адад автомашина бо мухлисони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ба Хуҷанд роҳ пеш гирифтанд. Пагоҳ, 6-уми март дастаи дӯстдоштаи онҳо дар вохӯрии нахусти гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2013 бо тими «Ал-Рамта»-и Урдун қувваозмоӣ мекунад. Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи «Равшан», мураббиёну футболбозони дастаи «Ал-Рамта» ва ҳайати хизматрасони онҳо аллакай ба […]

Аваз Юлдошев


Беш аз 100 адад автомашина бо мухлисони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ба Хуҷанд роҳ пеш гирифтанд. Пагоҳ, 6-уми март дастаи дӯстдоштаи онҳо дар вохӯрии нахусти гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2013 бо тими «Ал-Рамта»-и Урдун қувваозмоӣ мекунад.

Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи «Равшан», мураббиёну футболбозони дастаи «Ал-Рамта» ва ҳайати хизматрасони онҳо аллакай ба Хуҷанд омада, дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум иқомат доранд.

Вохӯрии даври аввали гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2013 миёни дастаҳои Равшан (Кӯлоб) ва «Ал-Рамта» (Урдун) рӯзи 6-уми март соати 15-00 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад.

Доварони ин бозӣ аз Ӯзбекистон мебошанд. Сардовар Владислав Тсейтлин, ёварони ӯ – Ҷаҳонгир Саидов ва Ҳусниддин Шодмонов, довари эҳтиётӣ Азиз Осимов таъин шудаанд. Муҳаммадризо Касроӣ аз Эрон комиссари бозӣ таъин шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд