Дипломати тоҷик дар ҳузури валиаҳди Давлати Кувайт

Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо валиаҳди Давлати Кувайт шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ доир гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат валиаҳди Давлати Кувайт ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистонро дар кишвари худ рӯйоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ кард. Ӯ инчунин изҳор доштааст, ки Кувайт ба густариши муносибатҳои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо валиаҳди Давлати Кувайт шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ доир гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат валиаҳди Давлати Кувайт ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистонро дар кишвари худ рӯйоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ кард.

Ӯ инчунин изҳор доштааст, ки Кувайт ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон омода аст ва кушиш ба харҷ хоҳад дод, то дастуру супоришҳои сарони ду давлат ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба татбиқ гарданд.

Зубайдулло Зубайдов ба Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барои таваҷҷӯҳ ба таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки инкишофи муносибатҳо бо Кувайт дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ниҳоят муҳим ба шумор меравад.

Ҷонибҳо ҳангоми сӯҳбат инчунин роҷеъ ба нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё, ки 29 марти соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, табодули назар карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.