Тағйироти кадрӣ дар сохтори ҳукумат

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Бозор Одинаев Муовини вазири маориф, Шералӣ Ганҷалов Муовини вазири нақлиёт, Раҳматулло Каримов Муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои об, Ҳасан Маҳмадаминов Роҳбари маъмурияти […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Бозор Одинаев Муовини вазири маориф, Шералӣ Ганҷалов Муовини вазири нақлиёт, Раҳматулло Каримов Муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои об, Ҳасан Маҳмадаминов Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Панҷ, Ибодулло Саидмуродов Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, Маҳмадшариф Бобошоев Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм ва технологияҳои муосир, Талбак Хуҷамардов Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ ва Одинашо Муродов Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд.

Ғайр аз ин, сардорони шуъбаҳои №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ва ноҳияи Рӯдакӣ, сардорони шуъбаҳои ин вазорат дар ноҳияҳои Шоҳмансури пойтахт, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Ҳамчунин сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакии мақомоти прокуратураи Прокуратураи генералӣ ва прокурорҳои ноҳияҳои Варзоб, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шӯроободи вилояти Хатлон ва Панҷакенти вилояти Суғд ва Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва сардори шуъбаи ҳамин агентӣ дар ноҳияи Рашт низ иваз шуданд.

Сарвари давлат кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати софдилонаю садоқатмандона ба давлату миллат ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон, давлату давлатдории миллӣ ва тарғибу ташвиқи шоистаи арзишҳои волои Истиқлоли Тоҷикистон пайваста ҷаҳду талош намоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.