Айни замон ҳукуматдорони Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) дархости Душанбеи расмӣ ҷиҳати истирдоди мухолифи тоҷик Умаралӣ Қувватовро рад намуда, мурофии додгоҳӣ оид ба баррасии масъалаи мазкурро то 10-уми апрел мавқуф гузоштанд.
Николай Николаев, ҳимоятгари Қувватов дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки рӯзи 10-уми март дар мурофиаи навбатии додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи У.Қувватов чунин қарор қабул шудааст.
«Ҷаласаи додгоҳии дирӯза аз ҷаласаҳои пешин бо он фарқ мекард, ки сарфи назар аз пӯшида будани мурофиа, он ба сатҳи назари умум қарор гирифт, яъне ҷаласаҳои додгоҳӣ бо огоҳии ҳамагон таъин гардида, дар ҷараёни мурофиа дархост ва иҷрои дигар амалҳоро пешниҳод кардан имконпазир аст. Қаблан имконияте мавҷуд буд, ки Қувватов бидуни суду тафтишот мутобиқи созишномаи байниҳукуматӣ истирдод гардад», – таъкид кард ҳимоятгар.
Ба қавли вай, дар навбати худ Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар истирдод шудани Қувватов исрор меварзад. «Чунин ба назар мерасад, ки суд ба тасмими ниҳоӣ расида наметавонад. Мо ба манфиати Қувватов асноди иловагӣ пешниҳод кардем ва айни замон суд онро барои рад кардани қонеъ намудани талаботи онҳо асос шумурд», – афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки санаи 9-уми январи соли равон зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати истирдоди пешвои ҳаракати «Гурӯҳи-24», шаҳрванди ҷумҳурӣ Умаралӣ Қувватов дархост ирсол кардааст.
Ахири моҳи феврали соли равон Николай Николаев, ҳимоятгари Қувватов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки онҳо
ба баррасии кушоди масъалаи истирдоди
зерҳимояашон ба Тоҷикистон муваффақ шудаанд.
Қобили зикр аст, ки Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт. Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд.
Тибқи маълумоти гуногун, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳуккумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.




