Рӯзҳои 12-14-уми марти соли ҷорӣ президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия ҷаноби Хайнс Фишер бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Дар брифинги имрӯза сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев хабар дод, ки дар рафти сафар вохӯрии хоссаи президенти Австрия бо президенти Тоҷикистон ва мулоқоти васеи ҳайатҳои ҳарду кишвар баргузор хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи вай, баъд аз анҷоми гуфтушунидҳо маросими ба имзо расонидани санадҳои дуҷониба сурат мегирад. Доир ба натиҷаҳои сафари расмии президенти Австрия ба Тоҷикистон изҳороти сарони ду давлат дар назди намояндагони ВАО дар назар дошта шудааст.
Зимни ин сафар президентони ду кишвар дар ифтитоҳи форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия низ ширкат хварзид.
Дар барномаи сафари расмии президенти Австрия ҳамчунин мулоқоти хоссаи ӯ бо раиси МН МО ҶТ ва сарвазири Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин меҳмони олиқадр дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гулчанбар гузошта, аз Осорхонаи миллии бостоншиностии Тоҷикистон ва масҷиди марказии шаҳри Душанбе боздид хоҳад кард.




