Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов бо раиси суди олии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдуллоев баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Озарбойҷон дар ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши истеҳсолоти судӣ ва густариши ҳамкориҳои минбаъда миёни мақомоти дахлдори кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сафири Озарбойҷон муҳим будани рушди ҳамкориҳо ва табодули таҷриба миёни мақомоти судии ҳарду ҷонибро таъкид намуд.
«Пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар Озарбойҷон баҳри ба сатҳи баланд бардоштани фаъолияти низоми ҳокимияти судӣ ислоҳоти зиёде амалӣ шуданд ва табиист, ки дар Тоҷикистон низ барои табодули мутақобила таҷрибаи зиёд дар ин бахш андӯхта шудааст», – зикр кард сафир.
Дар анҷоми вохӯрӣ сафир Нусратулло Абдуллоевро ба сафар ба Озарбойҷон дар вақти барояш мусоид даъват кард.




