Гуфтушуниди хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия

Шаби гузашта президенти Австрия Хайнтс Фишер бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Субҳи имрӯз мулоқоти хоссаи ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар буда, сипас мулоқоти васеи ҳайатҳои ҳарду кишвар баргузор хоҳанд шуд. Баъд аз анҷоми гуфтушунидҳо маросими ба имзо расонидани санадҳои дуҷониба сурат мегирад. Доир ба натиҷаҳои сафари расмии президенти […]

ASIA-Plus


Шаби гузашта президенти Австрия Хайнтс Фишер бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Субҳи имрӯз мулоқоти хоссаи ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар буда, сипас мулоқоти васеи ҳайатҳои ҳарду кишвар баргузор хоҳанд шуд.

Баъд аз анҷоми гуфтушунидҳо маросими ба имзо расонидани санадҳои дуҷониба сурат мегирад. Доир ба натиҷаҳои сафари расмии президенти Австрия ба Тоҷикистон изҳороти сарони ду давлат дар назди намояндагони ВАО дар назар дошта шудааст.

Нимаи дуюми рӯз дар барномаи сафари расмии президенти Австрия ҳамчунин мулоқоти хоссаи ӯ бо раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ваа сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин меҳмони олиқадр дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гулчанбар гузошта, аз Осорхонаи миллии бостоншиностии Тоҷикистон ва масҷиди марказии шаҳри Душанбе боздид хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Австрия 25-уми марти соли 1992 роҳандозӣ шуда, соли 1997 дар Вена сафоратхонаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Санаи 7-уми июни соли 2011 сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Австрия сурат гирифта буд.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Австрия 5 180,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Австрия асосан нахи пахтаву алюминий буда, маҳсулоти воридотӣ аз Австрия аз маводи доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, шакар, асал, агрегатҳо барои коркарди маҳсулот иборат мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.