Пешбарии номзади ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии Восеъ


Ахири ҳафтаи гузашта дар маркази ҷамоати шаҳраки Восеъ Конференсияи муштараки ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон ва Темурмалик баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар кори Конференсияи муштарак раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 ва вакилони интихобшудаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ аз ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва Восеъ ҷамъ 120 нафар ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти кори Конференсия як масъала- пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 ба ивази вакили хориҷшуда баррасӣ гардид. Бо таклифи вакилони Конференсияи муштарак номзадии Ибодулло Неъматов пешбарӣ гардид ва тариқи овоздиҳии пӯшида аз 120 нафар вакилони ширкат дошта 118 нафар аз он ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, дар асоси карори Конференсияи муштарак Ибодулло Неъматов, ки айни ҳол дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Мичурини ноҳияи Восеъ фаъолият дорад, номзад ба вакилии  МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №39  аз  ҲХДТ пешбарӣ карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное