Боздошти донишҷӯ бо 60 кило маводи мухаддир

Донишҷӯи соли аввали Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо беш аз 60 кило маводи мухаддир боздошт шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни баргузории як амалиёти кормандони мақомот дар қаламрави ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини деҳаи Хирманҷои ноҳияи мазкур Толибҷон Сафаралиеви 21-сола боздошт шуд. «Дар […]

ASIA-Plus


Донишҷӯи соли аввали Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо беш аз 60 кило маводи мухаддир боздошт шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни баргузории як амалиёти кормандони мақомот дар қаламрави ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини деҳаи Хирманҷои ноҳияи мазкур Толибҷон Сафаралиеви 21-сола боздошт шуд.

«Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дасташ 5-адад бастаҳои селофанӣ, ки дар дохилашон 60 килою 760 грамм маводи нашъадори «бангдона» буд, дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфта мешавад дар иттилои ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.