Ҳукумат барои «Холдинг Контгрупп Тоҷикистон» имтиёз мехоҳад

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи навбатии ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2013»-ро ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Кумитаи МН МО ҶТ оид ба молия ва буҷет Исмоил Талбаков хабар дод, мувофиқи тағийроти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, барои ба ҷумҳурӣ ворид намудани 20 […]

Аваз Юлдошев


Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи навбатии ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2013»-ро ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Кумитаи МН МО ҶТ оид ба молия ва буҷет Исмоил Талбаков хабар дод, мувофиқи тағийроти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, барои ба ҷумҳурӣ ворид намудани 20 адад автобусҳои муосир ва 40 ададҳои мошинҳои сабукрави мусофирбар, озод кардани Ҷамъияти саҳҳомии «Холдинг Контргрупп Тоҷикистон» аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ пешниҳод мешавад.

Ба гуфтаи Талбаков, ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин дархост кардааст, ки тамоми субъектҳои хоҷагидорие, ки соли 2013 ба ҷумҳурӣ нияти ворид кардани саршумори говҳои зотиро доранд, низ аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шаванд. «Аммо то ҳол маълум нест, ки дар натиҷаи қабули ин тағийрот буҷет аз дастрасии чӣ миқдор маблағ маҳрум мешавад», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳафтаи гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти терминали марказии мусофиркашонии пойтахт (автовокзал) пас аз таъмиру таҷдид

ҳусни оғоз бахшид.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи иншоот сарвари давлат таъкид кард, ки саристгоҳ ё вокзали автобусҳои пойтахт тайи чанд соли охир аз фаъолият бозмонда буд ва бо ташаббуси роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии «Холдинг Контгрупп Тоҷикистон» дар муддати начандон тӯлонӣ якҷо бо шарикони сармоягузор бо сарфи 140 миллион сомонӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмону меъморӣ таъмиру таҷдид гардид ва имрӯз мавриди истифодаи мусофирон қарор дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.