Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафир оид ба ҳамкории илмиву техникӣ, намояндаи махсуси ҳукумати Ҷопон оид ба корҳои СММ ҷаноби Шин Маруоро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, алалхусус ҳамкорӣ дар доираи СММ, ҳамчунин Шӯрои амният ва ислоҳоти созмони мазкур табодули афкор намуданд.


