Суди олӣ шикояти С.Ҷӯраевро дастгирӣ кард

Суди олии Тоҷикистон шикояти назоратии собиқ иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералии ҷумҳурӣ Солиҷон Ҷӯраев аз болои қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро баррасӣ намуда, эътироф кард, ки қарори суди зинаи поёнӣ дарвоқеъ ҳам бо вайрон кардани меъёрҳои қонун содир шудааст. Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасии даъвои С.Ҷӯраев нисбати Дастгоҳи президент, парлумон ва Прокурори генералӣ дар бораи […]

Рамзия Мирзобекова



Суди олии Тоҷикистон шикояти назоратии собиқ иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералии ҷумҳурӣ Солиҷон Ҷӯраев аз болои қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро баррасӣ намуда, эътироф кард, ки қарори суди зинаи поёнӣ дарвоқеъ ҳам бо вайрон кардани меъёрҳои қонун содир шудааст.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасии даъвои С.Ҷӯраев нисбати Дастгоҳи президент, парлумон ва Прокурори генералӣ дар бораи ғайриконститутсионӣ аз вазифаи иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералиро рад карда буд.

Моҳияти даъво дар он ифода меёфт, ки ӯ ба вазифаи и.в. прокурори генералӣ мувофиқи талаботи моддаи 99 Конститусияи ҶТ, пешниҳоди Раиси Шӯрои Олии ҶТ ва Қарори Президиуми ШО ҶТ аз 29 сентябри соли 1992 таъин шуда, вале бидуни озод кардани ӯ Шӯрои Олӣ санаи 1 декабри соли 1992 дар бораи ба вазифаи прокурори генералӣ таъин намудани Маҳмадназар Солеҳов қарор қабул мекунад.

С.Ҷӯраев бар ин назар аст, ки фармони прокурори генералии нав дар бораи аз вахифа озод кардани ӯ ғайриқонунӣ аст, зеро қарори аз вазифа озод кардани ӯро танҳо Шӯрои Олӣ содир карда метавонист.

Суди олӣ қарор кард, ки қарори судҳои зинаи поёнӣ нисбати ин масъала бо нақзи меъёрҳои қонуншикангӣ содир гардида, дар ин робита, шикояти назоратии С.Ҷӯраев ҳамроҳ бо парвандаи мулкӣ ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан бо тартиби назорати баргардонида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.