Густариши ҳамкориҳои мақомоти интизомии Тоҷикистону Чин

Имрӯз вохӯрии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун баргузор гардид. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳадаф аз вохӯрии мазкур баррасии лоиҳаи «Барнома оид ба тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ байни Вазорати  бехатарии ҷамъиятии Чин ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар […]

ASIA-Plus


Имрӯз вохӯрии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун баргузор гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳадаф аз вохӯрии мазкур баррасии лоиҳаи «Барнома оид ба тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ байни Вазорати  бехатарии ҷамъиятии Чин ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2013» буд.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ сафири Чин намояндаи расмии Вазорати  бехатарии ҷамъиятии Чин Бян Юйтсзеро муаррифӣ намуд.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия ҷаноби Бян Юйтсзеро бо таъин гардиданаш ба ин вазифаи пурмасъул табрик намуда, изҳор намуд, ки дар оянда ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам самаранок  ва қавитар мегардад.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷонибаро дар мавриди мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм, инчунин таҳдиду хатарҳое, ки эҳтимол аст пас аз хуруҷи нерӯҳои ТҲАШ (НАТО) аз Афғонистон ба миён оянд, баррасӣ намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.