Қарзи 7,5 млн. $-и Beijing барои дубора таҷҳизонидани «Тоҷиксемент»

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» дар хусуси пешниҳоди қарз барои хариди таҷҳизот ва насби он дар корхона бо корпоратсияи Beijing Uni-Construction Group Co.-и Чин қарордод ба имзо расонид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, бо дастрасии таҷҳизот як оташдони корхона ба таҷҳизоти бо ангишт коркунанда иваз карда мешавад. «Қарордод санаи […]

Заррина Эргашева


Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» дар хусуси пешниҳоди қарз барои хариди таҷҳизот ва насби он дар корхона бо корпоратсияи Beijing Uni-Construction Group Co.-и Чин қарордод ба имзо расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, бо дастрасии таҷҳизот як оташдони корхона ба таҷҳизоти бо ангишт коркунанда иваз карда мешавад. «Қарордод санаи 28-уми феврал дар Чин ба имзо расида, маблаги умумии он 7 млн. 730 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 150 ҳазор доллари он ҳиссаи «Тоҷиксемент» ва маблағи боқимонда қарзи бидуни фоизи корпоратсия аст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, минбаъд қарз аз ҳисоби фурӯши маҳсулот пардохта шуда, корҳо дар чаҳорҷӯби қарордод бояд дар фрусатҳои наздик оғоз ва соли равон ба итмом расонида шаванд. Инизорӣ меравад, ки дар марҳилаи аввал аз 6 оташдони корхона як оташдонаш ба истифодаи ангишт гузаронида мешавад, ки иқтидори солонаи он ба 180 ҳазор тонна семент баробар хоҳад буд.

«Агар масъалаи интиқоли гази табиӣ ҳал нагардад, корхона бешак кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки оташдонҳои дигарро низ иваз намояд, вале барои ин сарчашмаи маблағгузорӣ ёфтан зарур аст, зеро барои пурра ба истифодаи ангишт таҷҳизонидани корхона маблағи зиёд  ва камаш 5-6 сол зарур аст», – зикр кард сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.