Ҳукм нисбати қотили хеши президент бетағйир боқӣ монд

Ҳайати мушовараи кассатсионии Суди олии Тоҷикистон ҳукм нисбати Диловаршо Қосимов, гунаҳкор ба қатли хеши президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафарови 57-соларо бетағйир боқӣ гузошт. Ҳамин тариқ, маҳкумшуда муддати 26 сол дар зиндони низомаш шадид адои ҷазо мекунад. Баррасии шикояти кассатсионии маҳкумшуда ва ҳимоятгари ӯ имрӯз баргузор шуд. Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари маҳкумшуда қарори […]

ASIA-Plus


Ҳайати мушовараи кассатсионии Суди олии Тоҷикистон ҳукм нисбати Диловаршо Қосимов, гунаҳкор ба қатли хеши президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафарови 57-соларо бетағйир боқӣ гузошт. Ҳамин тариқ, маҳкумшуда муддати 26 сол дар зиндони низомаш шадид адои ҷазо мекунад.

Баррасии шикояти кассатсионии маҳкумшуда ва ҳимоятгари ӯ имрӯз баргузор шуд. Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари маҳкумшуда қарори зинаи кассатсиониро ба таври зайл шарҳ дод: «Суд бори навбатӣ мустақил набудани худро нишон дода, тамоми камбудиҳои дар парванда ҷойдошта ва аз ҷониби ман борҳо зикршударо нодида гирифт».

Рӯзи 18-уми январи соли равон Суди олии Тоҷикистон Диловаршо Қосимовро ба қатли хеши президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафрови 57-сола гунаҳкор дониста,

ба 26 соли зиндон маҳкум намуд.

Бародарон Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳо низ барои огоҳ накардан дар бораи куштор мутаносибан ба 8 ва 3 соли зиндон маҳкум шуданд.

Мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи қатли Холмӯъмин Сафаров, ки ба он муҳри махфӣ дода шуд, аз 24 декабри соли гузашта пушти дарҳои пӯшида дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ оғоз гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли гузашта каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.