Нопадид шудани Умаралӣ Қувватов аз тавқифгоҳи Дубай

Николай Николаев, ҳимоятгари пешвои Гурӯҳи-24 хабар додааст, ки зерҳимояи ӯ ду рӯз қабл аз тавқифгоҳи муваққатии Дубай нопадид шудааст. Дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Twitter ҳимоятгар навиштааст, ки зиндониёни бо Қувватов дар як ҳуҷра қарордошта гуфтаанд, ӯро шабона аз ҳуҷра берун оварда, дигар барнагаштааст. «Дигар тамос нест», – зикр кардааст Николаев. Ҳимоятгар муддати чор […]

ASIA-Plus


Николай Николаев, ҳимоятгари пешвои Гурӯҳи-24 хабар додааст, ки зерҳимояи ӯ ду рӯз қабл аз тавқифгоҳи муваққатии Дубай нопадид шудааст.

Дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Twitter ҳимоятгар навиштааст, ки зиндониёни бо Қувватов дар як ҳуҷра қарордошта гуфтаанд, ӯро шабона аз ҳуҷра берун оварда, дигар барнагаштааст. «Дигар тамос нест», – зикр кардааст Николаев. Ҳимоятгар муддати чор рӯз аст, ки бо зерҳимояаш дар тамос шуда наметавонад.

Ҳимоятгари мухолифи тоҷик бар ин назар аст, ки шояд ин кори дасти хадамоти махсуси Тоҷикистон аст, ки тавассути гумоштагони маҳаллӣ анҷом дода шудааст. «Оид ба макони будубоши Умаралӣ Қувватов дархости расмӣ таҳия карда истодаем», – иброз доштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ӯ аз Маскав ба инҷо омада,  минбаъд бояд ба Брюссел мерафт.

Рӯзи 10-уми март ҳукуматдорони Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) дархости Душанбеи расмӣ ҷиҳати истирдоди мухолифи тоҷик Умаралӣ Қувватовро

рад намуда

, мурофии додгоҳӣ оид ба баррасии масъалаи мазкурро то 10-уми апрел мавқуф гузоштанд.

Ба қавли ҳимоятгари Қувватов, дар навбати худ Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар истирдод шудани Қувватов исрор меварзад. «Чунин ба назар мерасад, ки суд ба тасмими ниҳоӣ расида наметавонад. Мо ба манфиати Қувватов асноди иловагӣ пешниҳод кардем ва айни замон суд онро барои рад кардани қонеъ намудани талаботи онҳо асос шумурд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки санаи 9-уми январи соли равон зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати истирдоди пешвои ҳаракати «Гурӯҳи-24», шаҳрванди ҷумҳурӣ Умаралӣ Қувватов дархост ирсол кардааст.

Тибқи маълумоти гуногун, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳуккумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.