Чорабиниҳои наврӯзии сафорати ҶТ дар Вашингтон

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар толори «The Andrew W. Mellon Auditorium» дар шаҳри Вашингтон бо иштироки намояндагони баландпояи Ҳукумати ИМА, вакилони Конгресс, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва меҳмонон маросими ҷашни байналмилалии Наврӯз барпо гардид. Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Вашингтон, чорабинии мазкур бо дастгирии Комиссияи Наврӯзи ИМА (The US Nowruz Commission) ва сафоратҳои  Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи сипаришуда дар толори «The Andrew W. Mellon Auditorium» дар шаҳри Вашингтон бо иштироки намояндагони баландпояи Ҳукумати ИМА, вакилони Конгресс, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва меҳмонон маросими ҷашни байналмилалии Наврӯз барпо гардид.

Бино ба иттилои сафорати ҶТ дар Вашингтон, чорабинии мазкур бо дастгирии Комиссияи Наврӯзи ИМА (The US Nowruz Commission) ва сафоратҳои  Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Гурҷистон, Афғонистон барпо гардид.

Дар чорабинии мазкур Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда, ки дар он экспонатҳои фарҳангӣ- сузаниҳо, либосҳои миллӣ, намунаҳои сангҳо ва зарфҳои сафолӣ, аксҳо ва китобҳо, аз он чумла нусхаҳои китоби «Хазинаи тилоии тоҷикон» ба намоиш гузошта шуданд.

Президенти Комиссияи Наврӯзи ИМА Носир Коземини ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфт ва роҷеъ ба иқдомҳои Комиссия дар соли сипаригардида маълумот дод. Зимни чорабинӣ навори махсус оид ба натиҷаи сафари ҳайати Комиссияи Наврӯз ба Лондон, Тиблиси, Боку ва Душанбе (10-11 марти соли 2012) намоиш дода шуд. Қисмати зиёди навори мазкур бахшида ба сафари аъзои Комиссияи Наврӯз ба Тоҷикистон буд. Дар навори зикргардида, акси нусхаи Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз ба унвони иштирокчиёни чорабинии мазкур, ки моҳи марти соли 2012 ирсол гардида буд, намоиш дода шуд.

Носир Каземинӣ зимни суханронӣ  ба ҳозирин оид ба таърихи Наврӯз ва иқдомҳои башардӯстонаи Комиссия мазкур маълумот дод.

Комиссияи Наврӯз созмони гуногунфарҳанги бидуни фоида буда, барои муаррифии ҳамаҷонибаи Иди Наврўз дар ШМА фаъолият менамояд. Дар чорабинӣ ҳунарнамоии гурўҳҳои консертӣ намоиш дода шуд ва зиёфати расмӣ барпо гардид.

17 марти соли 2013 дар толори «The Washington Post»  шаҳри Вашингтон чорабинии идонаи муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА,  Ҷамъияти тоҷикистониёни Америка ва  Ҷамъияти фарҳангии Тоҷикистону Америка (TACA) бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки ҳамватанон ва меҳмонони муқими ИМА барпо гардид.

Дар чорабинӣ тоҷикон аз штатҳои мухталифи ИМА ширкат варзиданд ва дар барномаҳои фарҳангӣ иштирок намуданд. Бо кӯшиши Сафорати ҶТ дар ИМА дар ин чорабинӣ гӯшаи махсуси фарҳангӣ-этнографӣ барои иштирокчиён ва меҳмонони америкоӣ ташкил карда шуд. Сипас намоиши созу наво ва рақсҳои миллии тоҷикӣ баргузор гардид ва ба иштирокчиён таъомҳо ва шириниҳои миллӣ пешниҳод карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.