Оғози сохтмони терминали нав барои мусофирон дар ФБД

Чанде қабл дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) маросими  гузоштани санги аввали сохтмони терминали нав барои мусофирон баргузор гардид. Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, сараввал вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов маросимро ифтитоҳ бахшид. Вазири нақлиёти кишвар оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни кишварҳои Фаронса ва Тоҷикистон маърӯза карда, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидояти […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) маросими  гузоштани санги аввали сохтмони терминали нав барои мусофирон баргузор гардид.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, сараввал вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов маросимро ифтитоҳ бахшид. Вазири нақлиёти кишвар оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни кишварҳои Фаронса ва Тоҷикистон маърӯза карда, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидояти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати нақлиётӣ дар мамлакат татбиқ мегардад ва бунёди терминали нав барои мусофирон низ бо дастгирии бевоситаи президент роҳандозӣ шудааст. Мавсуф иброз дошт, ки бунёди як чунин иншооти замонавӣ ва роҳандозӣ шудани технологияи наву замонавӣ бе иштироки кишваре чун Фаронса имконнопазир аст, ва бунёди терминали нав барои кишвар ҳаётан муҳим аст. Терминали нав на танҳо барои интиқоли мусофирон зарур аст, балки симои пойтахтро ба куллӣ дигар хоҳад кард ва дар инфрасохтори нақлиётӣ нақши муҳимро иҷро хоҳад кард.  

Сафири Кабири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби  Дидье Леруа бо забони ноби форсӣ маърӯза намуда, оид ба дӯстии мардумони минтақаҳо бахусус Тоҷикистону Фаронса, ҳамкориҳои муктақобилан судманд, корҳои анҷомдодаи ҳарбиёни фаронсавии мустақар дар фурудгоҳи Душанбе сухан карда, дар интиҳо гуфт: «Сад сол зери сояи хушояндаи Худо сиҳатманд бимонед!» Сафири Кабир аз ҷумла иброз дошт, ки ҳарбиёни фаронсавӣ хати нишасту парвоз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои фурудгоҳи Душанберо тармиму таҷдид намуданд, ки маблағи умумии сарфшуда 30 млн Евроро ташкил кардааст, инчунин 6 млн евро дар бунёди бунгоҳи назортӣ танзимгарӣ масраф шудааст. Дар оянда низ ҷониби Фаронса барои пешрафти соҳаи авиатсияи Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Дастгоҳи ӣҷроияи Президенти мамлакатро  мутахассиси пешбари шӯъбаи сохтмон ва комуникатсия Робия Завқиева намояндагӣ намуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар иншшооти сохташаванда арзи миннатдорӣ намуда, бобати дар оянда низ идома додани ҳамкорӣ бо кишварҳои аврупоӣ, хосатан бо Ҷумҳурии Фаронса изҳори ақида намуд. 

Меҳмонон аз ҷумла намояндагони корпусҳои дипломатӣ, сафирони сафоратхонаҳои кишварҳои Арабӣ,  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, кишварҳои Россияиву Белорус, Туркманистону Қазоқистон роҳбарони ташкилоту идораҳои давалатӣ рӯзноманигорони расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ иштирок карданд.

Аз маърӯзаҳо маълум гаридд, ки корҳои сохтмонӣ дар терминали нав аз 28 ноябри соли 2012 оғоз гардида то имрӯз иншооти ёрирасонро бунёд кардаанд ва акнун бевосита бо гузоштани санги аввал корҳои сохтмонӣ дар терминал шурӯъ мгардад. Анҷоми иншоот ба 28 декабри соли 2014 нақшагирӣ шудааст.

Малағи умумии сохтмон 39 млн евроро ташкил медиҳад, ки мувофиқи  шартномаи байниҳукуматӣ пардохти 20 млн ҷониби фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва 19 млн Евроро ҷониби Фаронса бар ӯҳда гирифтаанд.

Дар иншооти мазкур алъон 10 нафар мутахассисони фаросавӣ ва 131 нафар  сохитмончиёни тоҷикистонӣ фаъолият доранд.

Пас аз ба истифода додани терминали нав дар назар аст, сатҳи хизматрасонӣ баланд шуда, сифати хизматрасонӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар гардад. Фурудгоҳи Душанбе аз ҳоло барои кор дар терминали нав мутахассисонро омода месозад.

Пас аз ба истифода додан, терминали нав қодир аст, дар як сол ба 1,5 миллинон мусофир хизмат расонад.

Дар назар аст, ки терминали нав аз рӯи талаботи замони муосир ва бо ҷорӣ намудани технологияи замонавӣ бунёд гардад. Хизматрасонӣ дар як соат 500 мусофирро ташкил хоҳад дод.

Айни ҳол хизматрасонӣ дар фурудгоҳ Душанбе дар як соат ба 130 мусофир соат расидааст.

Ширкати сохтмонии «Винчи Конструксён Гран Проже» яке аз ширкатҳои сохтмонии бонуфузи ҷаҳонӣ буда, то имрӯз дар сохтмони 13 фурудгоҳ иштирок намудааст. Атлантик, Ренн, Клермон, -Ферран, Гренобл, Шамбери фурудгоҳҳое ҳастанд, ки ширкати Винчи бунёд кардааст инчунин дар бунёди се адад фурудгоҳ дар Камбоҷа, иштирок дорад. Танҳо дар соли 2012 гардиши молиявии солонааш 170 млн Евроро ташкил кардааст.

Роҳбари ширкати Винчи дар минтақаи Осиёи марказӣ ҷаноби Жан Лук Бриял иброз ддошт, ки терминали наве, ки дар шаҳри Душанбе сохта мешавад, аз рӯи технологияи навтарин тарҳрезӣ шудааст ва бо назардошти санъати меъмории шарқии тоҷикӣ бунёд карда мешавад. Дар симои терминали нави Душанбе мо метавонем, санъати меъмории тоҷикиро нишон диҳем.  

Пас аз маърӯзаҳо тариқи экрани калонҳаҷм намуди терминал ва  шаклҳои хизматрасонӣ ба мусофирон дар он намоиш дода шуд.

Мутассадиён ҷаноби  Дидье Леруа ва Низом Ҳакимов зери нома ба наслҳои оянда, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ навишта шуда буд, имзо гузошта ба капсула ҷой доданд.

Маросими гузоштани санги аввал бо гузоштани капсула ба пойдевори рамзӣ ва рехтани семент аз ҷониби Сафири Кабири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби  Дидье Леруа оғоз гардид, сипас Вазири нақлиёт Низоим Ҳакимов, Директори генералии Фурудгоҳи Душанбе Рустам Холиқов, муовини Директори генералии ФБД Азиз Иброҳимов ва чанде аз ҳозирбудагон ғишти аввал гузошта шуда, бо ҳамин оғози корҳои сохтмонии терминали нав расман шурӯъ гардид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.