Интиқоли ҳудуди 360 млн. $ дар зарфи 2 моҳ

Моҳи феврали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 180,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 9% зиёдтар аст. Дар ин бора дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» («Мониторинг и раннего оповещения в Таджикистане»), ки ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таҳия […]

Пайрав Чоршанбиев


Моҳи феврали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 180,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 9% зиёдтар аст. Дар ин бора дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» («Мониторинг и раннего оповещения в Таджикистане»), ки ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таҳия мегардад, иттилоъ дода шуда, ғайрирасмӣ будани маълумоти мазкур зикр мегардад.

Моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 178,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, дар ду моҳи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ ҳудуди 360 млн. $ маблағ ворид шудааст.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки аз афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ интизорӣ меравад, зеро мавсими муҳоҷирати корӣ наздик омада, мутаносибан шумори муҳоҷирон низ бештар мегардад, ки он ба ҳаҷми ин маблағҳо бевосита таъсир мегузорад.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 3 млрд. 595,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ин ҳаҷм қариб 48%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли 2012-ро ташкил медиҳад, ки соли гузашта ба зиёда аз 36,1 млрд. сомонӣ (ҳудуди 7,6 млрд. $) баробар буд.

Аз рӯйи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия дар соли гузашта Тоҷикистон мақоми дуввумро ишғол карда, дар ин давра танҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон аз тоҷикон бештар маблағ ба ватан фиристодаанд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли гузашта ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон

3 млрд. 651 млн. доллари ИМА-ро

ташкил додааст.

Соли гузашта маблағи пулии аз ҳама бештарро шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Русия ба ватан фиристодаанд, ки он ба 5 млрд. 693 млн. доллари ИМА баробар аст. Мақоми сеюм дар ин рӯйхатро бо интиқоли 3 млрд. 162 млн. $ Украина касб кардааст. Маблағи умумии соли гузашта аз Русия ба кишварҳои дигар интиқолшуда ҳудуди 49 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориш бо такя ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ зикр мегардад, ки давоми моҳҳои январ-фервали соли ҷорӣ ҳудуди 153 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ қаламрави Тоҷикистонро тарк намуда, каме бештар аз 100 ҳазор нафар ба ватан баргаштаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.