Пешвози Наврӯз бо фейерверкҳои идона дар пойтахт

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои идонаи мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба таҷлили ҷашни Наврӯз, чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахт аз шоми 20 март оғоз гардида, то 25-уми марти соли 2013 идома меёбанд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, чорабиниҳои идона субҳи 21 марти соли 2013 дар таносуби чор навоҳии шаҳр аз нуқтаҳои баландтарини пойтахт, яъне маҳаллаҳои […]

ASIA-Plus


Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои идонаи мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба таҷлили ҷашни Наврӯз, чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахт аз шоми 20 март оғоз гардида, то 25-уми марти соли 2013 идома меёбанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, чорабиниҳои идона субҳи 21 марти соли 2013 дар таносуби чор навоҳии шаҳр аз нуқтаҳои баландтарини пойтахт, яъне маҳаллаҳои “Бадахшон” – и ноҳияи Шоҳмансур, “Кӯҳдоман” – и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, “Лучоб” – и ноҳияи Сино ва шаҳраки 24 – и ноҳияи Фирдавсӣ оғоз гашта, аз ин мавзеъҳо “Корвони наврӯзӣ” ба самти ҳар як маҳаллаю шаҳрак бо ширкати вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, сохторҳои давлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, адибон ва фаъолони пойтахт раҳсипор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, вуруди субҳи наврӯзӣ – 21 марти соли 2013 бо фейерверкҳои идона дар Боғи Ғалаба истиқбол карда мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ аз сокинони шаҳр хоҳиш намудааст, ки бо истиқболи фаъолонаи хеш аз вуруди субҳи наврӯзӣ нисбати пазироии фейрверкҳои идона бо ҳусни тафоҳум муносибат намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.