Ба истифодаи газ гузаштани беш аз 40%-и нақлиёти автомобилӣ

Ба иллати баланд будани нархи бензин беш аз 40%-и нақлиёти автомобилии Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд. Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ки айни замон гази моеъ ба ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан ворид гардида, тайи ду моҳи соли равон ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон […]

Пайрав Чоршанбиев


Ба иллати баланд будани нархи бензин беш аз 40%-и нақлиёти автомобилии Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ки айни замон гази моеъ ба ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан ворид гардида, тайи ду моҳи соли равон ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон 9 ҳазору 706 тонна гази моеъ интиқол шудааст.

Гуфта мешавад, бо анҷоми муҳлати қарордод аввали соли равон интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон қатъ гардида, ҳалли ин масъала то ҳол норавшан аст.

«Дар Тоҷикистон гази табиӣ дар ҳаҷми начандон назаррас истихроҷ мегардад. Ба Тоҷикистон гази табиӣ асосан аз Ӯзбекистон ворид мешуд ва истеъмолгарони асосии он – Ширкати алюминии Тоҷик (ТАЛКО) ва ҶСК «Тоҷиксемент» ба шумор мераванд. Бар асари арзиши баланд ва мушкилоти мавҷудаи интиқоли гази табиӣ, истеъмоли дохилии он дар кишвар бамаротиб коҳиш ёфт», – омадааст дар гузориш.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки дар ширкати ТАЛКО барои роҳандозии фаъолияти истеҳсолӣ аз гази синтетикии аз ангишти маҳаллӣ ҳосилшуда истифода мекунанд, вале бинобар камбуди гази табиӣ ҶСК «Тоҷиксемент» аз фаъолият бозмонд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.