Баррасии мушкилоти обии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Ню-Йорк

Рӯзи 22-ми март дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк оид ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи об муколамаи интерактивӣ дар сатҳи олӣ доир мегардад. Дар муколама аз иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон интизорӣ меравад, ки масъалаи идоракунии захоири обии фаромарзӣ барояшон хеле муҳим аст. Дар мусоҳиба ба Радиои СММ муовини вазири кишоварзӣ ва хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзи 22-ми март дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк оид ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи об муколамаи интерактивӣ дар сатҳи олӣ доир мегардад.

Дар муколама аз иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон интизорӣ меравад, ки масъалаи идоракунии захоири обии фаромарзӣ барояшон хеле муҳим аст.

Дар мусоҳиба ба Радиои СММ муовини вазири кишоварзӣ ва хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев изҳор кардааст, ки ҳалли ягонаи таъмини мувозинати обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ –сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ аст, зеро онҳо реҷаи маҷрои оби рӯдхонаҳо ва вазъи экологиро тағийр намедиҳанд.

«Ӯзбекистон ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар рӯдхонаи Вахш қотеъона мухолиф аст, зеро он ба низоми обёрӣ ва соҳаи пахтакории Ӯзбекистон пайомадҳои манфӣ ба бор хоҳад овард», – иброз доштааст вай.

Дар навбати худ, Тоҷикистон бар ин назар аст, ки танҳо сохтмони нерӯгоҳи Роғун истиқлолияти энергетикии кишварро таъмин намуда, сарбанди 335-метраи нерӯгоҳ ба тартиби тақсимоти захираҳои обӣ дар ҳавзаи баҳри Арал таъсир нахоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи феврали соли равон дар мусоҳиба ба радиои СММ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов изҳор намудааст, ки ҷараёни пур кардани обанбори нерӯгоҳи Роғун

дар муддати 14 сол

амалӣ мегардад, ки он ба таъмини кишварҳои дигар бо об таъсир нахоҳад гузошт.

«Доир ба масоили марбут ба оби Амударёву Сирдарё миёни кишварҳои минтақа набояд ҳеҷ мушкилие вуҷуд дошта бошад, зеро Тоҷикистон минбаъд низ тамоми ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтааш дар мавриди таъмини ҷоришавии маҷрои оби зарурӣ ба кишварҳои поёнобро ба иҷро хоҳад расонид», – гуфта буд вазир.

Ғайр аз ин Бобокалонов зикр карда буд, ки Тоҷикистон обро дар обанбор дар як муддати муайян аз ҳисоби лимит ва захираҳои худ ва ҳамчунин лоиҳаи пур кардани обанбори нерӯгоҳ ҷамоъоварӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин Бобокалонов таъкид дошта буд, ки оби рӯдхонаи Вахш камтар аз сеяки ҳаҷми рӯдхонаи Амударёро ташкил медиҳад ва ҳатто он ҳам пурра баста намешавад. «Обанбор аз ҳамон қисмати ба Тоҷикистон муқарраршуда муддати якчанд сол тадриҷан пур гардида, тибқи технология низ якбора пур кардани обанбор ғайриимкон мебошад», – иброз доштааст вай.

Ахири моҳи январ вазир дар ҷамъи журналистон иттилоъ дода буд, ки бе ин ҳам Тоҷикистон ҳамасола то 1 млрд. метри мукааб оби ба кишвар ҷудошуда мувофиқи тартиби тақсимоти захираҳои обӣ дар ҳавзаи баҳри Аралро гирифта наметавонад.

«Аз ин рӯ, ба кишварҳои поёноб аз ҳаҷми муқаррарӣ зиёдтар об расида, инро ҳамтоҳои мо ҳам дар кишварҳои поёноб ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад. Имрӯзу оянда Тоҷикистон ҳамсояҳои худро бе об гузоштанӣ нест ва гузашта аз ин, бе об мондани онҳо имконнопазир аст, зеро он амалишаванда нест», – баён карда буд Бобокалонов.

Ёдрас мекунем, ки бо дархости ҳукумати Тоҷикистон айни замон Бонки ҷаҳонӣ тарҳи фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитиву иҷтимоии лоиҳаи нерӯгоҳи барқии Роғунро мавриди таҳқиқу омӯзиш ва баҳогузорӣ қарор додааст.

Муколаи интерактивӣ ба муносибати эълони санаи 22-юми март ҳамчун Рӯзи байнулмилалии об ва бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2013 ҳамчун Соли ҳамкориҳои байнулмилалӣ дар соҳаи об доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.