Путин Созишномаи пойгоҳи низомии 201-ро ба тасдиқи парлумон фиристод

Президенти Русия Владимир Путин Созишномаи ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии 201 дар қаламрави Тоҷикистонро барои тасдиқ ба Думаи Давлатӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, санади мазкур рӯзи сешанбе дар портали расмии иттилооти ҳуқуқии ҳукумати Русия интишор шудааст. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2004 таъсис ёфта, моҳи октябри соли 2012 Маскаву Душанбеи […]

ASIA-Plus



Президенти Русия Владимир Путин Созишномаи ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии 201 дар қаламрави Тоҷикистонро барои тасдиқ ба Думаи Давлатӣ ирсол намуд.


Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, санади мазкур рӯзи сешанбе дар портали расмии иттилооти ҳуқуқии ҳукумати Русия интишор шудааст.


Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2004 таъсис ёфта, моҳи октябри соли 2012 Маскаву Душанбеи расмӣ оид ба тамдиди муҳлати ҳузури низомиёни рус дар қламрави Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Созишномаи зикршуда ба ивази созишномаи амалкунанда, ки муҳлаташ соли 2014 ба итмом мерасад, таҳия шуд.


Моҳи октябри соли равон Маскав ҳамчунин ҷорисозиии реҷаи имтиёзнок барои муҳоҷирони тоҷик, бекор кардани боҷи содиротӣ барои маҳсулоти нафтӣ, ҷудо кардани воситаҳо барои бо аслиҳа таъмини кардани Артиши Тоҷикистон ва баррасии имкони маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар ҷумҳуриро ваъда дод.


Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон рӯзномаи «Коммерсант» иттилоъ дод, ки Тоҷикистон аз Русия барасмиятдарории тавофуқҳои шифоҳӣ дар бораи бо аслиҳа таъмини кардани Артиши Тоҷикистон ва баррасии имкони маблағгузорӣ ба рушди бахши гидроэнергетикаи ҷумҳуриро талаб кардааст. Ғайр аз ин, навиштааст рӯзнома, дар Душанбе хостори аз 200 млн. доллари ИМА зиёдтар ба даст овардани маблағ барои бо аслиҳа таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳ мебошанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.