Кӯмаки USAID барои обёрии заминҳои ноҳияи Шаҳритӯс

Санаи 22-юми марти соли 2013 ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи умумиҷаҳонии обро таҳти шиори «Оби соф барои дунёи солим» ҷашн мегирад. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Душанбе хабар доданд, дар доираи фаъолиятхои ҷашнгирии ин рӯз, сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт ва роҳбари дафтари идораи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон хонум Кэтлин […]

ASIA-Plus


Санаи 22-юми марти соли 2013 ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи умумиҷаҳонии обро таҳти шиори «Оби соф барои дунёи солим» ҷашн мегирад.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Душанбе хабар доданд, дар доираи фаъолиятхои ҷашнгирии ин рӯз, сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт ва роҳбари дафтари идораи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон хонум Кэтлин Mак Доналд дар маросими ифтитоҳи расмии Иттиҳодияи истифодабарандагони оби «Наврӯз» дар ноҳияи Шаҳритӯс ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, сокинон ва иҷрокунандагони иқдоми Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири фардо» низ дар ин маросим иштирок карданд. Иттиҳодияи истифодабарандагони об «Навруз» ба 22 ҳазор нафар сокинони ноҳияи Шаҳритӯс дастрасӣ ба оби полезиро таъмин хоҳад кард.

Қобили зикр аст, кеи аз моҳи октябри соли 2010 инҷониб бо дастгирии USAID ҳабдаҳ (17) Иттиҳодияҳои истифодабарандагони об дар ноҳияҳои зерин ба фаъолият оғоз карданд: Восеъ, Қубодиён, Шаҳритӯс, Носири Хисрав, Ҷ. Румӣ, Ҷиликӯл ва Вахш. Дар натиҷаи фаъолияти ин Иттиҳодияҳо 42 ҳазор га замин бо оби полезӣ таъмин шуда, беш аз 280 ҳазор нафар сокинони ноҳияҳои номбаршуда аз он баҳра хоҳанд гирифт.

Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико амалӣ мегардад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.