Раиси ҲКТ мухолифи имтиёзҳо ба «Холдинг Контгрупп Тоҷикистон» аст

Дар ҷаласаи имрӯзаи МН МО ҶТ вакили парлумон раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки ба пешниҳоди ҳукумат оид ба озод кардани Ҷамъияти саҳҳомии «Холдинг Контргрупп Тоҷикистон» аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ қатъиян мухолиф аст. «Ҳеҷ касе ба мо, вакилон намегӯяд, ки ин ширкатҳои шубҳаноке, ки бо дархости […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи МН МО ҶТ вакили парлумон раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор кард, ки ба пешниҳоди ҳукумат оид ба озод кардани Ҷамъияти саҳҳомии «Холдинг Контргрупп Тоҷикистон» аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ қатъиян мухолиф аст.

«Ҳеҷ касе ба мо, вакилон намегӯяд, ки ин ширкатҳои шубҳаноке, ки бо дархости ҳукумат мо барояшон имтиёзҳо медиҳем,  ба кӣ тааллуқ доранд», – иброз дошт вай.

Шодӣ Шабдолов ҳамчунин савол дод, ки дар навбати худ оё ширкатҳои мазкур минбаъд ба аҳолии ҷумҳурӣ ягон имтиёзоте ҷорӣ месозанд ё на.

Дар посух ба саволи вакил муовини вазири молияи ҶТ Руҳулло Ҳакимов зикр кард, ки муассисони ширкати «Холдинг Контгрупп Тоҷикистон» шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, вале аз ифшои ному насаби мушаххас худдорӣ варзид.

Зикр гардид, ки маблағҳои умумии аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва пардохтҳои гумрукӣ озодшуда барои воридоти автобус ва автомашинаҳои сабукрав ҳудуди 7 млн. сомониро ташкил медиҳанд, ки танҳо дар муҳлати як соли истифодаи онҳо дар кишвар дар шакли пардохти андозҳои гуногун ба буҷети давлатӣ ҳудуди 10-12 млн. сомонӣ маблағ ворид мегардад.

«Ғайр аз ин, пас аз воридоти воситаҳои нақлиёти зикршуда зиёда аз 600 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд», – иброз дошт Р.Ҳакимов.

Муовини вазири молия инчунин иттилоъ дод, ки автобусҳои воридмешуда истеҳсоли Олмон буда, арзиши ҳар кадоме аз онҳо наздики 190 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Аксарияти вакилони парлумон аз пешниҳоди мазкури ҳукумат ҷонибдорӣ намуданд. Дар идома вакилон бидуни баррасӣ пешниҳоди ҳукумат дар бораи аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани субъектҳои хоҷагидориеро, ки соли 2013 ба ҷумҳурӣ нияти ворид кардани саршумори говҳои зотиро доранд, низ маъқул шумориданд.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳафтаи гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар

маросими ҳусни оғоз бахшидан

ба фаъолияти терминали марказии мусофиркашонии пойтахт (автовокзал) пас аз таъмиру таҷдид таъкид кард, ки терминал бо ташаббуси роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии «Холдинг Контгрупп Тоҷикистон» дар муддати начандон тӯлонӣ якҷо бо шарикони сармоягузор бо сарфи 140 миллион сомонӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмону меъморӣ таъмиру таҷдид гардид ва имрӯз мавриди истифодаи мусофирон қарор дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.