Тамоили коҳиши фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта моҳи январи соли равон тамоили коҳиши назарраси фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, моҳи январ ҳаҷми сармоягузориҳо аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 168,3 млн. сомонӣ (35,3 млн. $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи […]

Заррина Эргашева


Дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта моҳи январи соли равон тамоили коҳиши назарраси фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, моҳи январ ҳаҷми сармоягузориҳо аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 168,3 млн. сомонӣ (35,3 млн. $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 76,8% баробар аст.

Ба иттилои манбаъ, аксари сармоягузориҳо (37,4%) ба бахши давлатӣ равона шудаанд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба бахши хусусӣ 33,9%, корхонаҳои муштарак – 8,5% ва моликияти хориҷӣ – 20,2%-ро ташкил медиҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар ин давра ба бахши энергетика 18,8%-и маблағҳо, аз ҷумла барои сохтмони иншооти энергетикӣ 31,7 млн. сомонӣ (6,6 млн. $) маблағ равона гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.