Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон раҳсипор шуд

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии бахшида ба чорумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба Туркманистон сафар кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, раиси Кумитаи МН МО ҶТ […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии бахшида ба чорумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба Туркманистон сафар кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, раиси Кумитаи МН МО ҶТ Олим Салимзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки соли равон баҳри таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз ҳайатҳои кишварҳои гуногун, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, арбобони маъруфи илму фарҳанги ҷаҳон ба пойтахти Туркманистон даъват шудаанд.

Дар Ашқобод намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин барномаи фарҳангии худро намоиш медиҳанд. Айни замон ҳайати беш аз 20-нафараи ҳунармандон ва наздики 15 нафар намояндагони «Тоҷикматлубот» дар Туркманистон қарор доранд.

Бино ба иттилои хабаргузории Turkmenistan.ru, субҳи рӯзи 21-уми март дар Кохи Рухиёти пойтахти Туркманистон таҳти унвони «Наврӯз иди сулҳ ва башардӯстӣ» конфронси байнулмилалӣ баргузор мешавад. Баъди анҷоми кори конфронс дигар чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ дар водии хушмансари назди Копетдаг доир мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.