Дар ҳошияи сафар ба Ню-Йорк нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Дабири кулли Созмони Милали Муттахид Пан Ги Мун мулоқот кард.
Бино ба иттилои намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ, Пан Ги Мун ба нахуствазири Тоҷикистон ҷиҳати аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди ташаббус дар бораи эълони соли 2013 ҳамчун Соли байнулмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об изҳори миннатдорӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо масоили рӯзномаи Муколамаи интерактивии сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳо дар сатҳи об ва Конфронси сатҳи баланд бахшида ба мушкилоти ҳамкориҳо дар соҳаи обро, ки моҳи августи соли равон дар Душанбе доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ғайр аз ин, дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаҳои сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва коҳиши хатарҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар сурат гирифт.




