Русия тамоми ҳаҷми сӯзишвории Евро-2-ро ба ОМ интиқол медиҳад

Русия ба истифодаи сӯзишвории дараҷаи экологии Евро-3 гузашта, аз ин ба баъд тамоми ҳаҷми сӯзишвории Евро-2-ро барои содирот истеҳсол мекунад. Аз 1-уми январи соли 2013 дар Русия муомилоти сӯзишвории дараҷаи Евро-2 манъ гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз ҳам як қатор корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтии […]

Заррина Эргашева


Русия ба истифодаи сӯзишвории дараҷаи экологии Евро-3 гузашта, аз ин ба баъд тамоми ҳаҷми сӯзишвории Евро-2-ро барои содирот истеҳсол мекунад. Аз 1-уми январи соли 2013 дар Русия муомилоти сӯзишвории дараҷаи Евро-2 манъ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз ҳам як қатор корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтии Русия ба истеҳсоли бензини дараҷаи Евро-2 идома дода истодаанд, зеро то ҳанӯз дастгоҳу таҷҳизоти худро барои истеҳсоли бензини дараҷаи Евро-3 омода насохтаанд.

Ба иттилои манбаъ, тамоми ҳаҷми сӯзишвории Евро-2 барои содирот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Афғонистон низ равона мегардад.

«Албатта, баъзан сӯзишвории дараҷаи Евро-3 низ ворид мешавад, вале хеле кам иттифоқ меафтад, зеро он гарон аст. Корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтии Русия шояд то охири ҳамин сол пурра истеҳсоли сӯзишвории дараҷаи Евро-2-ро қатъ созанд», – гуфтанд дар ширкати мазкур.

Бино ба маълумоти «Тоҷикстандарт», айни замон бинобар сабаби арзонӣ ба Тоҷикистон асосан бензини дараҷаи пасти экологии Евро-2 ворид карда мешавад. «Баъди аз ҷониби Русия мавриди амал қарор додани созишномаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ, метавон дар бораи афзоиши ҳаҷми воридоти сӯзишвории Евро-3 ҳарф зад», – иброз доштанд дар мақомоти мазкур.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.