Мулоқоти нахуствазир бо дабири кулли СММ дар Ню-Йорк

Дар ҳошияи сафар ба Ню-Йорк нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Дабири кулли Созмони Милали Муттахид Пан Ги Мун мулоқот кард. Бино ба иттилои намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ, Пан Ги Мун ба нахуствазири Тоҷикистон ҷиҳати аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди ташаббус дар бораи эълони соли 2013 ҳамчун Соли байнулмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об изҳори миннатдорӣ намуд. […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи сафар ба Ню-Йорк нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Дабири кулли Созмони Милали Муттахид Пан Ги Мун мулоқот кард.

Бино ба иттилои намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ, Пан Ги Мун ба нахуствазири Тоҷикистон ҷиҳати аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди ташаббус дар бораи эълони соли 2013 ҳамчун Соли байнулмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об изҳори миннатдорӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо масоили рӯзномаи Муколамаи интерактивии сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳо дар сатҳи об ва Конфронси сатҳи баланд бахшида ба мушкилоти ҳамкориҳо дар соҳаи обро, ки моҳи августи соли равон дар Душанбе доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ғайр аз ин, дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаҳои сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва коҳиши хатарҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.