Восеъ: Таъмини беш аз 3 ҳазор нафар бо оби тозаи ошомиданӣ

Беш аз 3 ҳазор нафар сокинони деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ бори нахуст бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Восеъ хабар дод, ин иқдоми наҷиб аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдуҳалим Мардонов ҳамчун туҳфа ба ҳамдиёрон амалӣ карда шуд. Ба иттилои манбаъ, соҳибкор корҳои пармакунии чоҳ дар […]

Турко Дикаев


Беш аз 3 ҳазор нафар сокинони деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ бори нахуст бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Восеъ хабар дод, ин иқдоми наҷиб аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдуҳалим Мардонов ҳамчун туҳфа ба ҳамдиёрон амалӣ карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, соҳибкор корҳои пармакунии чоҳ дар назди деҳаро маблағгузорӣ намуда, аз ҳисоби худ пойгоҳҳои обкашӣ харидорӣ намуд ва 22 адад нуқтаи интиқоли об (водпроводҳоро) насб кард, ки акнун интиқоли оби тоза ба аҳолӣ таъмин гардид. «Ҳамчунин зарфи ғунҷоишаш 50 тонна барои об низ гузошта шуд, ки мунтазам пур карда мешавад», – гуфтанд дар ҳукумати ноҳия.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҳамин деҳа соҳибкори дигар Сангаҳмад Тиллоев як қисмати манзили шахсии худро барои кушодани китобхонаи умумӣ ҷудо карда, аз китобхонаи шахсиаш онро бо 6 ҳазор нусха китобҳо таъмин кардааст. Дар маросими ифтитоҳи китобхона адибони маҳаллӣ изҳор доштаанд, ки аз захираҳои худ барои китобхона 200-300 нусхагӣ китоб хоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.