Тақвияти назорат дар марз барои пешгирии қочоқи сӯзишворӣ

Барои ошкор сохтан ва пешгирии ҳодисаҳои қочоқи маводи сӯзишворӣ, Тоҷикистон ба назорати гумрукӣ дар марз бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон тақвият бахшид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, соли равон дар марз бо кишвари ҳамсоя 95 ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ ошкор гардида, тариқи қочоқ ба Тоҷикистон 1 […]

Заррина Эргашева


Барои ошкор сохтан ва пешгирии ҳодисаҳои қочоқи маводи сӯзишворӣ, Тоҷикистон ба назорати гумрукӣ дар марз бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон тақвият бахшид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, соли равон дар марз бо кишвари ҳамсоя 95 ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ ошкор гардида, тариқи қочоқ ба Тоҷикистон 1 млн. 27 ҳазору 48 литр маводи сӯзишвориро ворид карданӣ будаанд.

«Пас аз ба расмиёти гумрукӣ мутобиқат намудани ин ҳодисаҳо, аз қонуншиканон дар ҳаҷми беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, ғайр аз ин, 497,7 ҳазор сомонӣ боҷи гумрукӣ ҷамъоварӣ гардид», – гуфтанд дар хадамот.

Ба иттилои хадамоти мазкур, барои тақвияти назорати гумрукӣ дар марз байни вилояти Суғд ва вилояти Ботканди Қирғизистон ва ҳамчунин дар ағбаи Шаҳристони шоҳроҳи автомобилгарди Хуҷанд-Душанбе гурӯҳҳои зудамал фаъолият мекунанд.

«Андешидани чунин тадбирҳои иловагӣ ба боздошти ҳудуди 600 адад автомашина дар як моҳ имкон дод, ки ғайриқонунӣ маводи сӯзишвориро ба кишвар ворид месохтанд», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти оморӣ, соли гузашта дар марз 397 далели қочоқи маҳсулоти нафтӣ (соли 2011 – 176 далел) дар ҳаҷми зиёда аз 58 млн. литр ошкор карда шуд, ки дар муқоиса бо соли 2011 даҳҳо маротиба зиёдтар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.