Бо ташаббус ва сарпарастии бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ туйи суннатии 40 нафар фарзандони оилаҳои камбизоати ҷамоати деҳоти Чимтеппа ва шаҳраки Сомониёни ин ноҳия баргузор гардид.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҳизб, дар чорабинии мазкур дар баробари оилаҳои тӯйдошта, инчунин сокинони ҷамоати мазкур иштирок намуда, баҳри хотирмон гузаштани тӯй санъаткорони номӣ ҷалб карда шуданд.
«Ба кӯдакон аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия Хайрулло Сӯфиев тӯҳфаҳо супорида шуд», – баён мегардад дар иттилоъ.
Зимнан зикр мегардад, ки инчунин аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар баргузории мусобиқаи гӯштингирии ноҳия, ки бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, саҳми назаррас гузоштаанд.




