spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Гунаҳкор донистани ВКХ Тоҷикистон ба ҳимояи наркобарон


Яке аз шабакаҳои муваффақи телевизионии Русия Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба он гунаҳкор кард, ки ба Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати ба Русия истирдод накардани кочоқбари маводи мухаддир Атобек Гулмамадов нота фиристодааст. Бо дархости Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия, ӯ ба Русия истирдод шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти мазкур, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳукуматдорони АМА дархост намудааст, ки Атобек Гулмамадови дар фурудгоҳи шаҳри Дубай боздоштшуда ба Русия истирдод нагардад.

Чанде қабл дар барномаи «Специальный корреспондент»-и шабакаи телевизионии «Россия-1» сармуфтаттиши парвандаҳои махсусан муҳими департаменти тафтишоти Хадамот Ренат Курамшин изҳор намудааст, ки матни нотаи фиристодаи ВКХ Тоҷикистон тақрибан ба ин зайл аст:

«Мӯҳтарам мақомоти салоҳиятдори АМА, Гулмамадовро ба Русия надиҳед, зеро дар он ҷо ӯ мавриди шиканҷаву таъқиби беасоси ҷиноӣ қарор гирифта, амволи ӯ бидуни суду тафтишот мусодира ва ба оилаи ӯ фишор оварда мешавад. Оилааш ҳам ба таъқиботи ҷиноӣ дучор хоҳад шуд. Фарзандонашро гирифта, ба хонаҳои кӯдакон месупоранд».

Дар идомаи шарҳи нота Курамшин мегӯяд, «аз таҷрибаи худ ман аз эҳтимол дур намедонам, ки ин бешак ба робитахои коррупсионии Гулмамадов дар дар сатҳи олии ҳукумати Тоҷикистон марбут аст, ки барои пешниҳоди чунин нота боис гардидааст».

Зимни шарҳи навор низ муаллифи барнома зикр мекунад, ки ин наркобарон дар мафияи қочоқбарони маводи мухаддир аз мақоми махсусе бархӯрдор будааст ва инро далели пуштибонии ВКХ аз ӯ тасдиқ мекунад. «Чӣ гуна робитаҳо мебояд дошт, ки барои ҳимоя нотаи ҳукуматиро дастрас намоӣ?», – суол медиҳад муаллифи барнома.

Ёдрас мекунем, ки санаи 27-уми декабри соли гузашта Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия дар бораи боздошти Атобек Гулмамадов дар Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) хабар дод, ки яке аз роҳбарони гурӯҳи бузурги байнулмилалии қочоқбарони нашъа ба шумор меравад.

Дар амалиёти боздошти Гулмамадов ба ҷуз мақомоти интизомии Русия, кормандони Интерпол, ВКД АМА, Агентии мубориза бо маводди мухаддири ИМА, Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ва ВКД Белорус низ саҳм гузоштаанд. Айни замон масъалаи истирдоди боздоштшуда ба Русия мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Гулмамадов шаҳрвандии ду давлат – Тоҷикистону Русияро доро буда, шиносномаи Русияро бо тартиби содашуда дастрас намудааст. Ғайр аз ин, ӯ якчанд шиносномаи сохта бо ному насабҳои гуногунро ҳам дар ихтиёр дорад.

Тибқи фарзияи Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия, Гулмамадов шахсан роҳбарии интиқоли 400 кило аз 900 кило героинро, ки чанде қабл зимни амалиёти бузургмиқёс мусодира шуданд, ба уҳда доштааст. Соли 2012 ӯ ҷиҳати гуфтушунид оид ба интиқол ду маротиба пинҳонӣ ба Русия сафар кардааст. Қабл аз пайгирии гумонбари асосӣ, мақомоти Русия 15 нафар ҳаммаслакони ӯро дастгир кардаанд.

Моҳи ноябри соли 2012 Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия дар бораи итмоми амалиёти «Картель» хабар дод, ки муддати чор сол давом кард. Зимни амалиёти мазкур 25 нафар қочоқбарони нашъа дастгир ё нобуд шуда, 750 кило маводи мухаддир (аз ҷумла 175 кило дар марҳилаи хотимавии амалиёт дар шаҳри Набережные Челны) мусодира гардид. Моҳи декабр оғози амалиёти нав эълон гардида, зимни он дар вилояти Кемерово ва Қазоқистон 250 кило героин дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барномаи мазкур дар шабакаи телевизонии Русияро алҳол ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд. Дар ин робита роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки « рӯи ин масъала кор ҷараён дорад ва шарҳу тавзеҳи расмӣ баъдтар пешниҳод хоҳад шуд».  

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...