Дар Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз мегарданд

Date:


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ маросими расмии ифтитоҳи нахустин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳиндустон баргузор мешавад.




Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ аз намояндагони зиёиёни эҷодкор иборат аст.



Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон намоишгоҳи китоби бахшида ба 1150-умин солгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ доир гардида, филми ҳунарии «Тақдири шоир» намоиш дода мешавад.



Зикр гардид, ки ҳамчунин намоишгоҳҳои рассомон ва аксбардорони муосири тоҷик низ баргузор хоҳад шуд. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳиндустон то 18-уми октябр идома меёбанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related