Сардори ситоди кулли ҚМ ҶТ бобати мавқеи Ӯзбекистон дар СААД

Сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Рамил Нодиров бар ин назар аст, ки бо сабаби мавқеи хоси Ӯзбекистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) масъалаи таъсиси гурӯҳи муттаҳидаи нерӯҳои низомӣ дар чаҳорчӯби ин созмон муддати зиёд ба мушкилӣ дучор буд. «Ӯзбекистон қарори таъсиси Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши фаврӣ дар доираи СААД-ро дастгирӣ накард», – иброз дошт […]

Пайрав Чоршанбиев


Сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Рамил Нодиров бар ин назар аст, ки бо сабаби мавқеи хоси Ӯзбекистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) масъалаи таъсиси гурӯҳи муттаҳидаи нерӯҳои низомӣ дар чаҳорчӯби ин созмон муддати зиёд ба мушкилӣ дучор буд.

«Ӯзбекистон қарори таъсиси Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши фаврӣ дар доираи СААД-ро дастгирӣ накард», – иброз дошт вай.

Ба қавли вай, моҳи декабри соли гузашта дар бораи боздошти узвияти Ӯзбекистон дар СААД қарор қабул шуд ва чунин ба назар мерасид, ки вазъи буҳронӣ паси сар шуд, вале масоили ҳалношуда то ҳанӯз боқӣ мондаанд. «Масъалаҳои истифодаи захоири обӣ, убури транзитӣ тавассути қаламрави ин кишвар, бахусус транзити бори таъиноти низомиро метавон аз чунин мушкилот ном бурд», – изҳор кард ӯ.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.