Модари маҳбуси фавтида аз ВКД ҷубронпулӣ талаб кард

Модари маҳбуси эҳтимолан бар асари шиканҷа дар шуъбаи милисаи пойтахт фавтида Баҳромиддин Шодиев ҷиҳати ҷуброни зарари моливу маънавӣ ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор $) ҷубронпулӣ талаб кард.  Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, ҷубронпулӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ талаб карда шудааст. «Даъво ба суди ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод […]

ASIA-Plus


Модари маҳбуси эҳтимолан бар асари шиканҷа дар шуъбаи милисаи пойтахт фавтида Баҳромиддин Шодиев ҷиҳати ҷуброни зарари моливу маънавӣ ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор $) ҷубронпулӣ талаб кард.

 Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, ҷубронпулӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ талаб карда шудааст.

«Даъво ба суди ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардида, аллакай ба истеҳсолот қабул шуд», – таъкид кард ҳимоятгар.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон суд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба

пардохти ҷубронпулӣ

ба ҳамсари маҳбуси фавтида Сафаралӣ Сангов, ки ба қавли наздиконаш, бар асари латукӯб ва шиканҷа дар шӯъбаи милиса ба ҳалокат расида буд, водор кард.

Суд тамоми далелҳои зарурии гирдовардаро баррасӣ намуда, дар бораи пардохти ҷуброн аз ҷониби вазорати мазкур дар ҳаҷми 46,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор $) қарор содир кард.

Ҳамчунин ҳамсари маҳбуси фавтида Исмоил Бачаҷонов, ки пас аз лату кӯб дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ ҳалок шуда буд, барои аз даст додани саробон аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷазо дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ (беш аз 6 ҳазор $)

ҷубронпулӣ гирифт.

Гулчеҳра Холматова гуфт, умедворанд, ки ин дафъа низ ҷабрдида ҷубронпулӣ хоҳад гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Ҷумҳурӣ воқеан метавонад дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир бошад, аммо ин ҷо як нозукӣ вуҷуд дорад...

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.