Прокуратура: Иттилои гуруснанишинии маҳбус дар Қӯрғонтеппа воқеъӣ нест

Маълумоти нашршуда дар васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ оид ба гуруснанишинӣ эълон кардани маҳбуси муассисаи ислоҳии ЯТ 9/7 дар шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуғаффор Раҳмонов асоси воқеӣ надорад. Муфаттиши прокуратураи махсус оид ба назорат аз болои иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон Давлат Тағоев дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки зимни […]

Сайраҳмон Назриев



Маълумоти нашршуда дар васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ оид ба гуруснанишинӣ эълон кардани маҳбуси муассисаи ислоҳии ЯТ 9/7 дар шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуғаффор Раҳмонов асоси воқеӣ надорад.

Муфаттиши прокуратураи махсус оид ба назорат аз болои иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон Давлат Тағоев дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки зимни санҷиши ин маълумот, бо маҳбуси зикраш дар боло рафта вохӯрда, ӯ изҳор намудааст, ки ҳеҷ гоҳ гуруснанишинӣ эълон накардааст ва ҳангоми суҳбат бо онҳо бо шириниҳо чой нӯшидааст.

«Муовини сардори муассисаи ислоҳии мазкур Искандар Исматов, ки чанде қабл ба ин вазифа таъин шуд, дар доираи қонун санҷиш гузаронида, аз якчанд нафар маҳбусон телефони ҳамроҳашонро гирифтааст ва ин боис шудааст, ки чанде аз онҳо ба ВАО маълумоти бардурӯғ диҳанд», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, прокуратураи махсус оид ба назорат аз болои иҷрои қонунҳо муддати ҳар 10 рӯз оид ба сифати маҳсулоти ғизойӣ, вазъи санитарии ҳуҷраҳо, шароити будубош ва реҷаи сайругашти маҳбусон санҷишҳо баргузор намуда, бо онҳо суҳбатҳои инфиродӣ доир менамояд ва дар суҳбати чанде қабл доиргардида бо А.Раҳмонов ӯ ҳеҷ шикояте накарда будааст.

Қобили зикр аст, ки 1 апрел хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ» бо такя ба гуфтахои Муродҷон Раҳмонов, бародари маҳбус Абдуғаффор Раҳмонов, иттилоъ дода буд, ки ба нишони эътироз алайҳи рафтори дағалонаи корманди муассиса Искандар Исматов нисбати ӯ ва дигар маҳбусон А.Раҳмонов гуруснанишинӣ эълон кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.