Вохӯрии вазири молияи ҶТ бо як ҳайати ХБА

Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ба як ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии Ҷонатан Данн мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар мулоқот натиҷаҳои иҷрои буҷет дар соли 2012 ва нишондиҳандаҳои он дар соли равон, маблағи хароҷоти буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, андешидани чораҳои афзоиши даромад ва масоили сиёсати […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ба як ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии Ҷонатан Данн мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар мулоқот натиҷаҳои иҷрои буҷет дар соли 2012 ва нишондиҳандаҳои он дар соли равон, маблағи хароҷоти буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, андешидани чораҳои афзоиши даромад ва масоили сиёсати умумии молиявӣ баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ба масъалаҳои сиёсати молияву андоз, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун, роҳандозии истифодаи Кодекси нави андоз дар амал, ҳалли мушкилоти ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҳамчунин вазъу дурнамои пардохти қарзи хориҷӣ, мониторинги корхонаҳои давлатӣ ва муносибатҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байнулмилалии бонкиву молиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки дар давоми ҳамкорӣ бо ХБА, бахусус дар самти баргузории ислоҳот дар бахши молия, Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, изҳори итминон кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои созандаи дуҷониба густариш хоҳанд ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.