Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Украина таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва вазири рушди минтақавӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилӣ-коммуналии Украина Геннадий Темник баргузор гардид.
Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорони ду кишвар ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла, дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, алоқа, маориф, илм, фарҳанг, тавсеаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба ҳаллу фасли онҳо тавсияҳо қабул намуданд.
Ҷонибҳо зикр карданд, ки ҷаласаҳои Комиссия василаи муҳими муайянсози самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба мебошанд ва ибрози боварӣ доштанд, ки натиҷаҳои гуфтушунидҳо барои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Украина самараи амалӣ хоҳанд дошт.
Оид ба натиҷаҳои мулоқот Протоколи ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Украина ба имзо расид.





