Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон барои фирор намудан аз роҳ ба сӯи макони будубоши доимии хизмат сарбози даъватшуда, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Меҳроби Каримро ба 1 соли зиндон маҳкум намуд.
Ба гуфтаи судя, Меҳроби Карим санаи 11-уми майи соли 2012 барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ноҳияи Рӯдакӣ даъват карда шуд.
«Аз комиссариати ҳарбии навоҳии тобеи марказ ӯ ҳамроҳи 9 нафари дигари даъватшавандагон ба хизмати доимӣ ба қисми низомии №01223-и Вазорати мудофиа воқеъ дар шаҳри Хоруғ сафарбар гардида, дар роҳи сафар ба қисми низомӣ, дар қаламрави деҳаи Тутобии ноҳияи Мӯъминобод аз хароб будани пул истифода карда, ба самти номаълум фирор мекунанд, вале баъди чанде яке аз онҳо аз тарси таъқиботи ҷиноӣ ба назди автомашина бармегардад», – иброз дошт судя.
Прокуратураи низомӣ нисбати 8 нафар сарбози гуреза парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, то имрӯз танҳо се нафар аз онҳо боздошт шудаанд. Сарбозон Ҳафиз Шарифов ба 2 сол ва Суҳроби Акобир ба 1 соли зиндон маҳкум гардида, панҷ нафари боқимонда дар ҷустуҷӯ қарор доранд.



