Густариши ҳамкории Тоҷикистону Украина дар бахши сохтмон

Чанде қабл дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, дар Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон вохӯрии директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Комилов А.Ҳ. бо вазири рушди минтақавӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина, ҳамраиси қисми украинии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Украина Темник Г.П. баргузор гардид. Дар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, дар Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон вохӯрии директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Комилов А.Ҳ. бо вазири рушди минтақавӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина, ҳамраиси қисми украинии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Украина Темник Г.П. баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ сафири Украина дар Тоҷикистон Никитюк В.О. низ ширкат варзид.

Тавре аз Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, зимни нишасти дуҷониба ва мулоқоти судманд масъалаҳои вобаста ба пешбурди соҳаи сохтмону меъморӣ, ташкил ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти ташкилотҳои лоиҳакашиву сохтмонии ҳарду ҷониб дар қаламрави ду кишвар, таъмини баробарии ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ташкилотҳои сохтмонии ҷонибҳо, таъсиси ширкатҳои муштарак, амалӣ гардонидани мубодилаи афкор дар самти гузаронидани сиёсати ягонаи техникӣ ҳангоми  якҷоя таҳия намудани лоиҳаву барномаҳо, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин мулоқот тарафҳо бо таҷрибаи кишварҳои худ дар самти пешравии соҳаи сохтмону меъморӣ ибрози назар карда, тасмим гирифтанд, ки барои ҳарчи зудтар ва босамар татбиқ намудани тамоми тавофуқоте, ки  ба даст омадаанд, тадбирҳои судбахш амалӣ карда шавад.

Аз натиҷаи мулоқот протоколи ҳамкориҳои байни Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди минтақа, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина ба имзо расонида шуд.

Дар интиҳо аз ҷониби Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмонони олиқадр тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.