Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон тавофуқ ҳосил карданд

Date:



           

Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ байни сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон аз қаламрави Узбекистон мувофиқат ҳосил шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

 





Ёдрас мекунем, ки мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, кишвари мо дар давраи тирамоҳу зимистон аз Ӯзбекистон ба миқдори 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ мегирад ва ба ивази он дар давраи баҳору тобистон ба Ӯзбекистон 900 млн. кВт/соат нерӯи барқ иниқол медиҳад.


Соли равон Тоҷикистону Туркманистон дар бораи интиқоли ҳудуди 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ба Тоҷикистон тавассути шабакаи энергетикии Ӯзбекистон созишнома ба имзо расониданд.



Шоми дирӯз сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон –

  

Қурмонбек Боқиев, Туркманистон- Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва Узбекистон Ислом Каримов мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дода, масоили ҳалталаби обию энергетикии минтақаро баррасӣ намуданд.



Зимни гуфтушунидҳо сарони давлатҳо оид ба идораи захираҳои обӣ дар фаслҳои гуногуни сол баҳри истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварҳои болооб ва ирригатсия дар кишварҳои поёноб ба мувофиқа расиданд.




           

«Сарони кишварҳои минтақа бори дигар собит сохтанд, ки омодаанд дар ҳамдастӣ мушкилоти мавҷударо ҳал намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аз тамоми захираву имконот истифода баранд», – гуфт дар анҷоми мулоқот президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...